РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд

24 декабр намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Маҷмаи Умумӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2024) тақдим гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва пайомади он, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram