Дар мамлакат соли 2024 155 км роҳ таъмиру таҷдид, 20 пул ва 3 нақб ба маблағи 460 млн доллар сохта шуд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар панҷ соли охир Тоҷикистон инфрасохтори роҳсозии худро ба таври назаррас беҳтар кард ва дар раддабандии ҷаҳонӣ миёни 165 кишвар ба ҷойи 44-ум расид.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки танҳо дар як сол зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ сохта шуд ва ба соҳибкорон барои иштироки фаъол дар ин раванд изҳори миннатдорӣ карданд.