РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад

Ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз Тоҷикистон ба рӯйхати ниҳоии довароне, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола кор хоҳанд кард, шомил шуд.

Ҷоми Осиё-2025 миёни ҷавонон аз 12 феврал то 1 март дар Чин баргузор мешавад. Дар қисми ниҳоии мусобиқот 16 даста ба чаҳор гурӯҳ ҷудо мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии то 20 солаи Тоҷикистон аз марҳилаи муқаддамотӣ дар шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ ёфта натавониста буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram