РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ байни Тоҷикистон ва Саксония баррасӣ шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Фрайберг бо Роҳбари Хадамоти назорати коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар музофоти Саксония Бернҳард Крамер мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Саксонияро дар соҳаи кӯҳкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон бо проректори Академияи саноати кӯҳии Донишгоҳи техникии Фрайберг (TUBAF), профессор, доктор Тобиас Фибек мулоқот намуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими равобити байнидонишгоҳӣ дар анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалинамоии иқдоми муштарак барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ ба мувофиқа расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram