РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тавзеҳ дода шуд

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи мазкур хабар доданд.


Қабл аз оғози ҷамъомад муовини вазири маориф ва илм бо баззаи моддӣ-техникӣ, ҳолати устохонаву синфхонаҳои тахассусӣ ва фаъолияти муассиса аз наздик шинос шуд. Ректори муассиса Сироҷиддин Ҷурахонзода дар мавриди имконоти Донишкада маълумот дода, қайд намуд, ки дар сохтори муассиса 3 факултет, 8 кафедра, устохонаву синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо фаъолият намуда, дар онҳо аз рӯи 28 ихтисос донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Сипас, дар толори намоишии Донишкада вохӯрии муовини вазир доир гардид. Чорабиниро Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкада, ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон фарҳангро «ҳастии миллат» ва «асоси мавҷудияти ҳар давлат» арзёбӣ намуда, таъкид карданд, фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.
“Дар замони истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик пурра эҳё гардида, рушд ёфт, зеро Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун василаи муаррифии миллат ва асоси ҳастии давлат эътибори хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид намуданд, ки то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ташкил шуда, фаъолият доранд. Ба ғайр аз ин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби санъат сохта, ба истифода диҳанд”, — гуфт ректори муассиса.
Сипас, Лутфия Абдулхолиқзода, дар мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаҳои илму маориф дар Паём суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат соҳаи маориф ва илм чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шуд.
“Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад. Президенти кишвар барҳақ таъкид намуданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”, — гуфт муовини вазири маориф.
Дар идомаи суханронӣ Лутфия Абдухолиқзода қайд кард, ки илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз фақат насли наврасу ҷавоне, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Вобаста ба ин, омӯзгорони Донишкадаро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати донишу касбомӯзии донишҷӯён ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии насли ҷавони кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram