РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд Иди Сада бо шукўҳ таҷлил мегардад

30 январи соли 2025, дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ баргузор мегардад. Бо назардошти ин, сокинон ва меҳмонони маркази вилоят метавонанд ба идгоҳ омада, ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзии барои худ заруриро харидорӣ намоянд.


Бояд таъкид кард, ки Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор мерафт. Сада ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар баробари бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо эҳё шуд ва ҳар сол расман 30 январ ҷашн гирифта мешавад.


Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА,

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram