РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Умед Бобозода: Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2024 1730 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид

Дар давраи ҳисоботӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1730 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, ба қайд гирифта шудаанд, ки 282 муроҷиати хаттӣ 1429 муроҷиатҳои шифоҳӣ 12 муроҷиати электронӣ ва 7 муроҷиати телефонӣ мебошанд.

Аз 518 муроҷиатҳои дар Дастгоҳи марказии ВҲИ ба қайд гирифта шуда соли 2024 аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва муовини ӯ муроҷиати 248 нафар шаҳрвандон қабул карда шудааст. Аз ҷониби Намояндагиҳои ВҲИ 1212 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 118 адад ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 1094 ададро ташкил медиҳанд. Тибқи ҳисоботи воҳидҳои сохтории мақомоти ВҲИ соли 2024 71 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 30 адад дар Дастгоҳи ВҲИ ва 41 адад дар Намояндагиҳои ВҲИ ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА
Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram