РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хадамоти алоқа: “Дар Тоҷикистон шумораи умумии муштариён 8 миллион нафарро ташкил дода, зиёда аз 5 миллиони он муштариёни фаъол мебошанд”

Имрўз 29.01.2025-ум зимни нишасти матбуоти сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло ба кормандони ВАО иттилоъ дод, ки “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариён 8 миллион нафарро ташкил дода, зиёда аз 5 миллион адади он муштариёни фаъол мебошанд”.

Тавре ў дар идома афзуд: шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 млн. нафарро дарбар гирифтааст.

Дар соли 2024 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 195714,3 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки аз иҷрои нақшаи пешбинишуда (185522,0 ҳазор сомонӣ) 5,5 фоиз зиёд буда, дар муқоиса бо соли 2023 (173004.3 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 13,19 ё ба маблағи 22710 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Миқдори муштариёни имтиёздор 7820 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 470 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи буҷети давлатӣ 470 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.

Ба суоли мо: (Радиои “Фаранг”) Ширкатҳои мобилӣ яке аз воридкунандагон ва корбарони аслии технологияи рақамӣ дар кишвар ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ. Бо назардошти ин дар фаъолияти ширкатҳо ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кадом сатҳ аст?

Сардори Хадамоти алоқа зикр намуд, ки соли сипаришуда 798 адад стансияҳои базавӣ насб карда шуда, зиёда аз 300 километр хатти нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу роҳандозӣ карда шудааст. Хамзамон аз тарафи ширкатҳои мобилӣ автомашинаҳои махсуси алоқаи сайёр ба истифода дода шуда, замимаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо ба кор дароварда шуданд.

Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram