Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулони корҳои тарбиявӣ идеологии ДТТ зиёда 794 чорабиниҳо, вохӯриҳо, хониши сиёсй, мизи мудаввар, форум, озмун, махфил, аксияҳо ва семинарҳо баргузор карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 120 чорабинй ё худ 17% зиёд мебошад.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар робита ба дастовардҳои фарҳангӣ дар идома кайд намуд, ки соли ҷорӣ 5 нафар хонандагони Литсеи инноватсионии шаҳри Душанбе, ки дар назди донишгоҳ аст, ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ширкат варзида, 2 нафар ҷои якум ва 3 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд. Як нафар олими донишгоҳ барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзӣ ба ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзӣ, сарфароз гардонида шудааст.
Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА Радиои «Фарҳанг»