РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Рамзу рози Сада». Таҳти ин унвон китоби нави фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён ба табъ расид

Китоби нави муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён бо номи «Рамзу рози Сада» ба табъ расид. 

Китоби мазкур дар матбааи ҶДММ «Меҳроҷ Граф» дар ҳаҷми 100 адад ба чоп расидааст, ки аз 208 саҳифа иборат аст. 

Мавзуи асосии китоб маълумот дар бораи ҷашни миллии тоҷикон — Сада мебошад. Таърихи пайдоиш, ҷашн гирифтани он дар замонҳои муайян ва Сада дар тарануми шоирон қисматҳои асосии китобро ташкил медиҳанд.  

Муаллиф дар навиштани китоб аз осори бостоншиносӣ, сарчашмаҳои таърихӣ, осори донишмандон, ҳамзамон аз мушоиҳидаҳои шахсӣ ба рамзу розҳои ҷашнвора посух пайдо кардааст.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10 моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар байни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram