Дар давраи ҳисоботӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 316 нафар тариқи буҷетӣ ва 1244 нафар тариқи шартномавӣ, ки дар маҷмуъ 1560 нафарро ташкил медиҳад ба курси якум қабул карда шуданд, ки ин шумора 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботии соли сипаригардида 10% зиёд мебошад. Дар ин бора рӯзи 6-уми феврал ректори Доништоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре дар идома таъкид гардид, тибқи созишномаҳо 55 донишҷӯ дap соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. 36 донишҷӯ 6a Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи С. Амонжолови Ҷумҳурии Қазоқистон, 10 нафар ба Донишгоҳи давлатии Брести Ҷумҳурии Беларус, 3 нафар ба Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Беларус 1 нафар ба Донишгоҳи Бохайи Ҷумҳурии мардумии Чин, 2 нафар ба Донишгоҳи Ляовнин вa 3 нафар ба Донишгоҳи Шинҷони Ҷумҳурии мардумии Чин сафарбар гардиданд.
Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА,
радиои «Фарҳанг»