Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид.
Дар намоиш-фурӯши китоб ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод намуданд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият буд.
Чун анъана дар ин намоиш-фурӯш як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст гузоштанд. Дар ин барномаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик суҳбат намуда, бо онҳо аз наздик шинос шуданд.