РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: соли 2024 280 000 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

«Соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 280 ҳазр нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 86532 нафар шаҳрванд ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд, ки 30,9 фоизи шумораи умумиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил ва ё худ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,9 фоиз ё 4578 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — Солеҳа Холмаҳмадзода ба кормандони ВАО иттилоъ дод.

Вобаста ба мавзӯи мазкур дар идома таъкид намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 20100 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 17945 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, тариқи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва малакаи касбии 17316 нафар шаҳрванд бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд.

Дар маҷмуъ, тавассути муассисаҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 55361 нафар аз рӯйи 119
касбу ихтисос ба тайёрии касбӣ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 4034 нафар ё 7,9 фоиз зиёд аст.
Зеваршоҳи УКТАМШОҲ,

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram