РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори
раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд
озод намудани Умарзода У.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Умарзода Умар Сафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 феврали соли 2025
№964

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои
сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳисайнзода Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳисайнзода Назрулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 феврали соли 2025
№965

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори
раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд
таъин намудани Мирзозода С.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзозода Саидшоҳ Давлат муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 феврали соли 2025
№966

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram