РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврал соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад.

Ба иттилои Вазорат қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад.

Мақсад ва вазифаҳои озмун

1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад.

2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик мусоидат менамояд.

Шартҳои озмун

1.Асарҳои озмунӣ дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда‚ бояд мавзўъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони Истиқлол дар бар гиранд.

2.Асарҳои бо забони русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.

3.Меъёри пешниҳод арзиши бадеӣ -ғоявии пйесаҳо‚ ҷавобгӯии онҳо ба қонуниятҳои жанри драматургия ва ҳамкории драматург бо режиссёри театр мебошад.

4. Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гашта, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муқаррар мекунад.

6.Драмнависоне‚ ки асараш ба озмун пешниҳод шудааст, аъзои ҳакамон буда наметавонанд.

7.Асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои Ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Ҷоизаҳо:

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин муқаррар гардидаанд:

1. Ҷои якум – 10 000 сомонӣ

2. Ҷои дуюм – 8 000 сомонӣ

3. Ҷои сеюм – 6 000 сомонӣ

4. Се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ барои 3 нафар — 9000 сомонӣ

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати санъат. Тел: 2210204, 2216536, 221-39-80.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram