РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад

27 феврал муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пяо Янфан мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Пяо Янфан ба ҳайси роҳбари ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай барои мушоҳидаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла такмили фаъолияти Созмон табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram