РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот кард

3 марти соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори навтаъйини Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Уларбек Шаршеевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо “се қувваи бадӣ” – терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин Уларбек Шаршеевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба ҳангоми иҷрои вазифааш иброз намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram