РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид

Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки намояндагон ва ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» соли 7-ум аст, ки дар мамлакат бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, тарроҳону ҳунармандон ва чакандӯзону наққошон доир мегардад.

Зеваршоҳи УКТАМШОҲ,
радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram