4 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Дунёмолӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд.\
Дар мулоқот ҷонибҳо Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш барои солҳои 2025-2027-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба баргузории форуми ҷавонони ду мамлакат дар Тоҷикистон ва табодули ҳайатҳо барои иштирок дар ҷорабиниҳои якдигар мубодилаи афкор намуданд.