РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади табодули таҷриба дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин истифодабарандагони хизматрасонии молиявӣ бо фаъолияти мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Италия шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор хабар додаанд.

Ҳадафи шиносоӣ табодули таҷриба дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омӯзиши таҷрибаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Италия дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоту идораҳои дахлдори Италия, аз ҷумла бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон, Омбудсмени молиявӣ ва бонкӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, Мактаби олии бозомӯзии судяҳо, Суди шаҳри Рим, Донишгоҳи давлатии Флоренсия, Суди шаҳри Флоренсия, Маркази ҳалли алтернативии баҳсҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои марбута якчанд мулоқот ва суҳбати судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳо вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мутобиқати пурраи ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба талаботи Принсипҳои Париж, аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани парвандаҳои иқтисодӣ, роҳҳои омодасозии магистрҳои соҳаи ҳуқуқи инсон, таҷрибаи татбиқи модели итолиёвии механизми миёнаравӣ дар самти тиҷорат ва савдо, инчунин омодасозии медиаторҳо ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷонибҳо барои тақвияти фаъолият дар ин самтҳо минбаъд низ ҳамкориро густариш медиҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram