РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев мулоқот кард

14 марти соли 2025 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ибтидо вазири корҳои хориҷии кишвар Н. Ермекбаевро бо оғози фаъолияташ ба ҳайси дабири кулли СҲШ таҳният гуфта, ба мавсуф дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуд ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамачониба дар ин ҷода баён намуд.

Зимни мулоқот миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи СҲШ, аз ҷумла раванди татбиқи амалии қарорҳои сарони давлатҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ, ба вежа такмили фаъолияти Созмон табодули афкори судманд анҷом ёфт.

С. Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои муассиси СҲШ баҳри рушду таҳкими муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои узви он, давлатҳои нозир ва шарикони муколама мунтазам саҳми арзанда мегузорад.

Дар идомаи вохӯрӣ, тамаркузи асосӣ ба татбиқи ташаббус ва авлавиятҳои Тоҷикистон дар доираи Созмон, аз ҷумла таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба сифати ниҳоди нави доимоамалкунандаи Созмон зоҳир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram