РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд

16-17 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре хабар дода мешавад, дар доираи сафари расмӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.

Тибқи нақша, баъди мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram