РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озарбойҷон Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик намуд

Ҷумҳурии Озарбойҷон имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ таърихӣ унвон намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Озарбойҷон аз имзои созишнома оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол менамояд. Ин созишномаи таърихӣ қадами муҳиме аст, ки робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ, инчунин субот ва шукуфоии Осиёи Марказиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Мо ҳарду мамлакати бародарро бо ин дастоварди назаррас аз таҳти дил табрик мегӯем», — омадааст дар изҳороти Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram