РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир мешавад

17 апрел дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — таҷассумгари тамаддуни миллати тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.

Конференсия ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои тарихию фарҳангӣ бахшида шуда, дар он олимону донишмандони соҳаи таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва ҳаводорони таъриху фарҳанг доир ба мавзуъҳои таърихи мамлакат ва ҳифзи он мубодилаи афкор менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз  соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО  ҳамасола  18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ дониста мешавад.

Ҳадафи он ҷалби ҷомеаи ҷаҳон  ба ҳифзи мероси умумибашарӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон, аҳамият, дараҷаи осебпазирӣ ва манфиатҳои ҳифзи ин ҷашн мебошад. Зеро ҳар халқу миллати ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои бузурги меъморӣ ва фарҳангю таърихии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram