Шуруъ аз имрӯз, 11 апрели соли 2025 дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки аз байн бардоштани маҳдудияти неруи барқ дар мамлакат ба зиёд шудани резиши об дар дарёи Вахш ва афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш иртибот дорад.