РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз соати 10:04 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, маркази заминларза дар километри 166-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 29-уми самти шарқи ноҳияи Рашт, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будааст.

Қувваи  заминларза дар маркази он 4 балл, дар Рашт 2-3 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Душанбе заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram