25 апрел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Президенти Пажуҳишгоҳи оби Туркия (SUEN) Лутфи Акҷа баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд, дар мулоқот масъалаи ҳамкории судманд дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардид.
Ҷониби Тоҷикистон даъватномаи расмиро ба унвони Президенти Пажуҳишгоҳ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид.