РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали оила ва кӯдак дар шаҳри Кванҷуи Корея ташкил карда шуд

3-4 май дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея баргузор шуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.

Иштирокчиён имкон пайдо намуданд либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллиамон аз наздик шинос шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram