7 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.