РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Ню-Йорки Амрико шуданд

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ барои иштирок дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Зимни ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо якчанд мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram