РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Тоҷикистон — зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 24 май, соати 18:30 дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз  Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Инчунин бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муассисаҳои фарҳангӣ баргузории шоу-барномаҳои консертӣ, аз қабили  «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram