РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло мулоқот кард

27 майи соли 2025 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мониторинги равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, инчунин иқдомҳои муштаракро дар самти мазкур баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи хос ба Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба ҳифзи пиряхҳо зоҳир гардид. Ҷонибҳо аҳамияти чорабинии мазкурро дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муштарак барои ҳифзи захираҳои пиряхҳои минтақа таъкид намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram