РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ИСЕСКО Салим ал-Моликро ба ҳузур пазируфтанд

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф бо шарикони байналмилалӣ, аз қабили ИСЕСКО таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.

Таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои омӯзиши мероси ғайримоддӣ, тарғиби ҳунарҳои суннатӣ ва таҳкими заминаҳои илмии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон омода аст, бо такя ба мероси ғании илмиву фарҳангии худ дар ҳамкорӣ бо ИСЕСКО ба рушди фазои фарҳангиву илмии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин, соҳаи маориф минбаъд ҳам саҳмгузор бошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram