31 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои тағирёбии иқлим Чон Киёнг баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин табодули афкор дар бобати масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.