РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бозёфти нодир дар Шаҳристони Ҳулбук

Дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳри бостонии Ҳулбук бозёфтҳои арзишманди таърихӣ ба даст омадаанд. Ин бозёфтҳо гувоҳи равшани таърихи пурғановати ин минтақа мебошанд. Дар ин бора рӯзномаи «Хатлон» бо истинод ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар байни садҳо ашё ва осори таърихӣ, ки аз қабили порчаҳои зарфҳои шишагӣ, сафолҳои мунаққашу оддӣ, хиштҳои андозагуна, ҳалқаҳои мисӣ ва биринҷӣ, мехҳои оҳанину мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва инчунин нишонаҳои коргоҳҳои қадимаи маъдангудозӣ, кулолгарӣ ва шишагарӣ мебошанд, як бозёфти нодир махсусан диққати мутахассисонро ба худ ҷалб намудааст.

Бори аввал дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз қаламрави Ҳулбук ангуштарии тилло ёфт гардид, ки аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии хоса дорад. Ин ангуштарин бо нозукӣ коркард шуда, катибаҳои дарёфтшуда дар дохили шоҳкосаҳои сафолӣ бо забони арабӣ ҳаккокӣ шудаанд. Ба иттилои мутахассисон, нигини ангуштарин ҳангоми таҳшин шудан гум гаштааст, вале худи ангуштарин дар ҳолати нисбатан комил ба даст омадааст.

Мутахассисон бар онанд, ки ин кашфиёт барои боз ҳам беҳтар омӯхтани таърихи шаҳристони Ҳулбук — шаҳри ҳунармандон мусоидати ҷиддӣ менамояд ва заминаи устуворе барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ фароҳам месозад.

Тибқи иттилои манбаъ, ковишҳои бостоншиносӣ дар минтақаи Ҳулбук ҳамоно идома доранд ва умед меравад, ки боз ҳам далелҳои тоза аз гузаштагони мо рӯи кор хоҳанд омад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram