РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE – 2025» занони тоҷик сазовори 10 медал гардиданд

Аз 22 то 24 май дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилаии «KIWIE – 2025» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ занон-ихтироъкорони тоҷик соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» истинод ба Маркази миллии патенту иттилоот хабар додааст.

Дар намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихтироъкор аз 15  давлати ҷаҳон пешниҳод гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар ихтироъкор иштирок намуда, 3 нафар ба таври ҳузурӣ ва 7 нафар ба таври маҷозӣ натиҷаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуданд. Инчунин 3 нафар занони мамлакат бо «Ҷоизаи махсус»-и дигар давлатҳо сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 то имрӯз занони тоҷик дар Намоишгоҳи «KIWIE» 79 медал, аз ҷумла 31 тилло, 27 нуқра ва 21 биринҷиро соҳиб гаштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram