РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби нав. “Интихоби касб” – роҳнамое барои довталабон

Китоби хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Точикистон Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бо номи «Интихоби касб» нашр гардид.


Китоби мазкур фарогири паҳлуҳои муҳими масъалаи тарзи дурусти интихоби касб аст. Муаллиф доир ба кашфи истеъдод, яъне ҳар кас бавоситаи санҷишҳо маълум мекунад, ки барои кадом касбҳо омода аст, зарурати омӯзишу таҳлили бозори меҳнат, муҳим будани интихоби касбҳои ояндадор, формулаи осон ва санҷидашудаи интихоби дурусти касб сухан ронда, инчунин, дар қисмати охири китоб тавсияҳои чанде аз соҳибкасбонро гирд овардааст.

Муаллиф ҳадаф таҳияи китоби «Интихоби касб»-ро чунин мешуморад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз сад ҳазор нафар мактаби миёнаро хатм мекунанд. Аз ин шумора қисме дар масъалаи интихоби дурусти касб мушкиливу муаммои зиёд доранд. Аз ҷумла, истеъдоди худро кашф карда наметавонанд, дар интихоби касб озод нестанд, ба саволи маъмулии “чӣ гуна касбамро интихоб кунам?” ҷавоби аниқ гирифта наметавонанд ва ҳамчунин, дар ин росто корҳои фаҳмондадиҳиву роҳнамоӣ ниҳоят кам ба назар мерасанд. Маҳз барои ҳалли ин мушкил ва ба ҷавонон як роҳнамое пешниҳод кардан, китоби “Интихоби касб” таҳия ва нашр гардид.
Китоби “Интихоби касб” на танҳо ба довталабон, балки ба волидон ва омӯзгорон низ тавсия дода мешавад, зеро дар ин масъалаи муҳим онҳо ҳам масъуланд.

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram