Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олимақомро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хуш омадед гуфта, қайд нмуданд, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва натиҷаҳои музокироти имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба боз як саҳифаи наву пурмазмунро боз хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.