РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид

Аз 12 то 14 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сеюми роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода  иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои табодули иттилоот, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллидошта ибрози назар намуданд.

Иброз гардид, ки ин ҷаласа ба пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ бахшида, дар пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram