РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.

Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram