РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон мулоқот намуданд

30 июли соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади таҳкими дӯстии анъанавии Тоҷикистону Эрон, ки дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила рушд меёбанд, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram