РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Қатар 34-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро таҷлил намуданд

10 сентябр 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Қатар, аз ҷумла соҳибкорон ва донишҷӯён таҷлил гардид, хабар доданд аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ нақши Истиқлоли давлатиро бузургтарин арзиш ва дастоварди нодири миллати тоҷик арзёбӣ намуда, гуфт, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд мекунад.

Ҳамзамон 9 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди шаҳри Давҳаи Қатар бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram