РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Теҳрон ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд

8 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури фарҳанг, Раиси Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон Муҳсини Ҷаводӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду мамлакат, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштараки бузургони илму адаб ва фарҳанги ду давлат ва ғайра табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram