РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид

Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба устодону шогирдони ҳашт мактаби тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё китобҳои бадеӣ тақдим гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.

Дар маросими супоридани адабиёти бадеӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва меҳмонон, аз ҷумла Раиси Маркази фарҳангии «Ориёно», адибону хабарнигорон аз рӯзномаи «Овози тоҷик», зиёиёни шаҳри Тошканд ва вилояти Қашқадарё иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки як қисми китобҳоро соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Тошканд Мурод Мақсудов харидорӣ карда, ба Сафорат тақдим намудааст.

Дар маросими супоридани адабиёти бадеӣ таъкид гардид, ки ҳамкории илмию фарҳангӣ байни ду давлат дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз пеш густариш меёбад. Сиёсати пешгирифтаи сарони ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram