РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд

Аз 28 то 30 октябр дар Кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қазоқистон 28 октябр, соати 17:00 баргузор шуда, нахуст филми драмаи ҳарбии «Вақти ватанпарварон» (Время патриотов) таҳти коргардонии Серикбол Утепбергенов намоиш дода мешавад.

29 октябр, соати 17:00 тамошобинон метавонанд филми «Кажимукан — Чемпиони ҷаҳон» (Кажымукан — Чемпион мира) — филми биографӣ-варзишии коргардон Канагат Мустафинро тамошо намоянд.

30 октябр, соати 17:00 филми драмаи иҷтимоии «Амре» (Амре), ки коргардони он Ҷефф Веспа мебошад, пешниҳоди тамошобинон карда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, вуруд ба намоишҳо озод буда, хоҳишмандон метавонанд ба олами фарҳанги синамоии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ошно шаванд.

Баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи анъанаи хуби ҳамкории фарҳангии байни ду давлат мебошад, ки дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумони ду кишвар нақши арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки соли равон маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон доир карда мешаванд. Дар ин замина метавон гуфт, ки ин раванд ба рушди минбаъдаи робитаю ҳамкории судманди синамогарони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram