Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти вилояти Суғд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирокдоронро ба ифтихори иди касбиашон табрик гуфта, иброз дошт, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам оварда шуд, то кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият вазифаи муқаддаси худро дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодӣ сарбаландона иҷро намоянд. Зеро пешрафти давлату ҷомеа аз суботу амният вобаста аст ва иҷрои ин рисолати муҳим ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст».
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки кормандони далеру шуҷои милитсия дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо садоқат ба халқу Ватан хизмат намуда, барои таъмини амният, волоияти қонун ва оромии шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони фидокор ҷони худро қурбон кардаанд ва хотираи онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар анҷом барои хизматҳои содиқона ва ба муносибати Рӯзи милитсия як гурӯҳ кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилӣ бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Аҳли санъати вилоят бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ иборат аз таронаву рақсҳои ҷолиб хотири иштирокдорони ҳамоишро болида гардониданд.
