Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Олмон «Пайванди тоҷикони Олмон» дар шаҳри Дюсселдорф ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар ин ҳамоиш, ки инчунин ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, беш аз 1200 нафар меҳмонон аз саросари Олмон, Лаҳистон, Чехия ва дигар кишварҳои аврупоӣ иштирок намуданд. Дар баробари ҳамватанон дӯстдорони фарҳанги тоҷикӣ аз миллатҳо ва кишварҳои гуногуни аврупоӣ дар ҳамоиш ҳузур доштанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори мамлакат таъкид намуд. Дар суханронӣ инчунин аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳми ҷавонон дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иброз шуд.
Дар ин барномаи сатҳи баланд ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон бо иҷрои таронаҳои гуногун ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳозирин гарм истиқбол гардид.
Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби тарроҳ Фарида Саидова намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуда, намудҳои либосҳои миллӣ ва зебои фарҳанги тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.

