РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамоянд

Сокини деҳаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент Шоҳрух Бобоев дар фермаи шахсиаш парвариши гӯсфандро ба роҳ мондааст ва дар оғози фасли зимистон ба онҳо хуроки сабз медиҳад.

Ба иттилои саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент соҳибкор бо насби панели барқи офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт барои парвариши хуроки сабз гармхона бунёд намудааст.

Дар гармхона дони ҷав ва дигар зироати донагиро тибқи технологияи махсус сабзонида, баъдан ба гӯсфандон медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон норасоии неруи барқ ба назар мерасад. Панелҳои офтобӣ — дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram