РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд

4 декабр дар шаҳри Вена Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин авлавияти Тоҷикистонро дар се ченаки ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ муаррифӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба воқеаҳои нохуше, ки ҳафтаи гузашта дар сарҳад бо Афғонистон рух дода буданд, зарурати тавсеаи ҳамкориро байни кишварҳои иштирокдори Созмон барои вокуниш ба хатарҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таъмини ба роҳ мондани ҳадафҳои Созмон дар кулли минтақаи он иброз дошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram