Шоми 18-уми декабри соли 2025 дар Шӯрои санъати миллии Покистон маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ширкат намуд. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар 3 толори барҳавои ин марказ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, санои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав, номгӯи обҳои истеҳсоли Ватанӣ, намоши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамуданд, ороиш ёфта буд, ки дар маҷмӯъ композитсияи бою рангини Тоҷикистонро бозгӯи мекард.
Дар толори консертии ин марказ маросими ифтитоҳи рӯзҳо сурат гирифт, ки дар ибтидо вазирони фарҳанги Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон суханронӣ намуданд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Али Зардорӣ суханронӣ кард ва доир ба муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷанбаи Покистону Тоҷикистон ибрози ақида намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди робитаҳои ду кишвари дӯст муҳим арзёбӣ намуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Парасту” меҳмонони олимақом ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Исломободро бо намудҳои гуногуни рақсу сурудҳои марғубу дилнишин ба ваҷд оварданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома дорад.
